Вохӯрӣ бо намояндагони ширкати истеҳсолкунандаи пианино ва роялҳои «л. Бёзендорфер Клавиерфабрик GmbH»
Имрӯз ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов н.и. санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бо намояндагони ширкати истеҳсолкунандаи пианино ва роялҳои «Л. Бёзендорфер Клавиерфабрик ГмбХ»
аз Ҷумҳурии Австрия, Ольга Хубер ва Сабина Грубмюлер вохӯрӣ анҷом доданд.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ намояндагон аз асбобҳои мусиқии синфхонаҳо, толори хурд ва толори калони Консерватория дидан намуданд.

