Вохӯрии дуҷониба
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ устодон ва донишҷӯёни муассисаи зикргардида имрӯз ба Консерватория ташриф оварданд.
Зимни вохӯрӣ бо ректори Консерватория н.и. санъашиносӣ Далватзода Баҳодур Давлат, меҳмонон аз пазироии эшон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки густариши ҳамкориҳои эҷодӣ ва илмиву таълимӣ дар рушди санъати мусиқии милии ин ду кишвари бо ҳам дӯст ва бародар саҳми ногузир хоҳад гузошт.
Ҳамзамон, барои баргузории дарсҳои маҳорат ба профессор Бегматов Соҳибҷон ва омӯзгори кафедраи «Таърих ва назарияи мақоми узбек»- и Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ, Ҳайдарова Нодира аз ҷониби роҳбарияти Консерватория сертификат тақдим карда шуд. Дар навбати худ, меҳмонон низ китобҳои навтаълифи худро барои китобхонаи Консерватория ҳадя намуданд.
Дар мулоқот андешаҳо нисбат ба самтҳои ҳамкориҳои минбаъда ва таклифу пешниҳоди ҳарду ҷониб иброз гардид.

