Консерти нахустин хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ

Posted Fri, 01/05/2026 - 17:06
By admin
Консерти хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ

Санаи якуми майи соли 2026, соати 14: 00 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов нахустин консерти хатмкунандагони курсҳои омӯзишии Консерваторияи миллӣ баргузор шуд.

Дар консерт якчанд барномаи консертӣ, аз қабили “Наш край”, оҳанги Д. Кабаленвский, дар иҷрои Қаландарбекова Сумая; “Да Сэр”, оҳанги В. Доналдсон, дар иҷрои Файзиева Диана; “Қӯшчанор”, оҳанги классикӣ, дар иҷрои Холов Абдулвоҳид; “Лайлик”, шеър ва оҳанги Н. Бандишоева, дар иҷрои Лутфуллоева Сумбул; “ Пахта, пахта”, оҳанги халқии тоҷикӣ, дар иҷрои Шарифзода Фотима; “Забони тоҷикӣ”, оҳанги Б. Неъматов, дар иҷроиМеликзода Шаҳбоз; “Муҳаббат, оҳанги Ҷ. Умаров, дар иҷрои Файзиева София; “Зарбҳои миллӣ”, оҳанги халқӣ, дар иҷрои Шомирзоев Абдулло; “Эй Ватан”, оҳанги халқии тоҷикӣ, дар иҷрои Шарифзода Зуҳро; “Баҳор омад”, оҳанги Ш. Сайфиддинов, дар иҷрои Саидов Озар; “Под лаской плющевого пледа”, оҳанги А. Петров, дар иҷрои Шарикина Надежда; “Велёлые гусы”, оҳанги Натан Милштейн, дар иҷрои Лоиқов Аминҷон; “Султони қалбам”, оҳанги эронӣ, дар иҷрои Элмуродов Асилбек; “Айлилик”, суруди халқии озарбойҷонӣ, дар иҷрои Лутфуллоева Сумбул; “Базми рақс”, такмили Бруно Марс, дар иҷрои Лозиев Павел; “Чакра чакидан гирад”, оҳанги халқии тоҷикӣ, такмили Ҷ. Умаров, дар иҷрои Қаландарбекова Сумая; “Монолог Чио-Чио-Сан”, оҳанги Ҷакомо Пуччини, аз операи “Мадам Баттерфляй”, дар иҷрои Шарикина Надежда бо маҳорати баланд иҷро карда шуд ва ҳозирин ҳар баромади хатмкунандагонро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.

Ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Б.Д. иброз дошт, ки дар Консерваторияи миллӣ баҳри ҷалби наврасону кӯдакон ва дӯстдорони санъати мусиқӣ курсҳои омӯзишии сарояндагӣ ва навозандагӣ амал мекунанд. Нахустин курси омӯзишӣ санаи аз 1-уми ноябри соли 2025 то 30-юми апрели соли 2026 идома ёфт ва дар он як теъдод аз кӯдакон ва наврасону ҷавонон малакаю маҳорати сарояндагӣ ва навозандагии худро такмил бахшиданд. Мавсуф барои ташкил ва баргузории курси мазкур ба устодони Консерваторияи миллӣ изҳори сипос намуда, ба нахустин хатмкунандагон комёбиҳои боз ҳам бештарро дар ҷодаи санъат орзӯ намуд.

Дар фарҷом ба 17 нафар нахустин хатмкунандагон дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои хатми курси омӯзишӣ тақдим карда шуд.