
Соли 2003 факултети мусиқии тоҷик таъсис ёфта, соли 2014 ба факултети мусиқии суннатии тоҷик номгузорӣ карда шуд. Факултет дар сохтори худ ду кафедра - сарояндагии анъанавӣ ва мутрибони анъанавиро муттаҳид кардааст. Факултет кадрҳои баландихтисосро ҳамасола тайёр намуда истодааст, ки дар соҳаи мусиқии суннатӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Хатмкунандагони факултет дар ансамблҳои давлатии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, коллеҷҳои санъат, мактабҳои махсуси мусиқӣ, дастаҳои касбии ҳунарї ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ кору фаъолият доранд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет 55 нафарро ташкил медиҳанд: 8 нафар профессор, 6 нафар дотсент, 15 нафар омӯзгори калон, 13 нафар омӯзгор, 1 нафар доктор PhD, 6 нафар консертмейстер ва 6 нафар иллюстратор.
Дар факултети мусиқии суннатии тоҷик ансамблҳои таълимии Шашмақому Фалак (созиву овозӣ) зери роҳбарии омӯзгорон Эргашева М., Бурҳонов М., Исмоилов А., Иброҳимзода Х.Н., Сайдалиев С., Саидов С. ва Орипов С. таълим дода мешавад.
Аз соли 2009 то инҷониб дар факултет “Шомҳои фалакхонӣ” ва “Шомҳои мақомхонӣ” ба роҳ монда шудааст.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии факултет шахсони зерин роҳбарии факултетро ба зимма доштанд:
- Қурбониён Қ. - (2003-2005)
- Ҳабибов Ш. – (2005-2006)
- Мусоев А.Қ. – (2006-2007)
- Гулназаров С. – (2007)
- Пиров Ҳ. – (2007-2014)
- Каримзода С.С. – (2014-2018)
- Бурҳонов М.Р. – (2018 то инҷониб)
Дар факултети мазкур ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон аз қабили Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Файзалӣ Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Мастона Эргашева, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дотсент Исмоил Назрӣ, Дорандаи медали “Хизмати Шоиста”, дотсент Каримзода Саъдулло, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и.в дотсент Муҳаррама Шарифзода, профессор Қурбони Қурбониён, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дотсент Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, и.в дотсент Иброҳимзода Хуршед ва мутахассисони ҷавон Фаридуни Ҳотам, Ҳайдаров З., Сатторзода Ҷ., Давлатов Қ., Одиназода С., Орипов С., Ҳошимов Н., Усмонов У. ва дигарон кор ва фаъолият намуда, дар таълим ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи мусиқии касбӣ сањми босазо гузошта истодаанд.
Солҳои охир теъдоди зиёди корҳои илмӣ-методии устодони факултет рӯйи чоп омаданд:
- Қ. Қурбониён. «Фалак ва системаи лаҳнии он» - Душанбе, 2006.
- Азизи Ф. А. «Маком и Фалак как явления профессиального традиционного музыкального творчества таджиков». Монография/Азизи Ф.А. - Душанбе: “Адиб”,2009. – 398 с.
- Файзалӣ Ҳасанов. «Шукрона», Душанбе, “Аржанг”, 2010, 120 саҳ.
- Давлатманд Холов. «Фалак» - дастурамали таълимӣ, Энсиклопедияи точик 2011. – 244 саҳ.
- Фароғат Азизӣ, Саъдулло Каримов. «Услубҳои суннатии омӯзиш: пажӯҳиш ва истифода» - Душанбе, Адиб, 2013.
- Санъати мусиқии Кӯлоб. Ҷилди 1. – Душанбе, “Адиб”, 2013. – 192 саҳ.
- Фалакхонӣ. Барномаи таълимӣ. - Душанбе: Аржанг. – 2014. – 31 с. (Мураттибон Азизӣ Ф. А., Доктори санъатшиносӣ, Каримов С. С., омӯзгори калон).
- Қурбони Қурбониён. “Фалакӣ”. (Маҷмӯаи савту сурудҳо аз ромишгарони “Фалак”) (ба забони тоҷикӣ) – Душанбе, “Ирфон”, 2017, –404 саҳ.
- Барномаи таълимии таблакнавозӣ. Душанбе 2017. 6 саҳ. (мураттиб Одинаев Солеҳ).
- Каримзода С. С. “Фалак”- Китоби дарсии амалӣ. Душанбе, “ЭР-граф” – 2019.
- Хуршед Иброҳимзода. Дастури таълимии “Ҳамнавои дил” Душанбе, нашриёти “Истеъдод”, 2020, 168саҳ.
- Саидқул Билолов. “Дарё туӣ, дарё манам...”. Душанбе, “Инсклопедияи миллии тоҷик”-2021. – 192 саҳ.
- Азизӣ Ф. А., Каримзода С. С., Бурҳонов М. Р., Лутфишоев Қ. Д., Алиев М. А. “Экспедитсияи мусиқӣ-этнографӣ: таҷрибаи омӯзишӣ ва амалӣ”, Душанбе, “Истеъдод”, 2022. – 143 саҳ.
- Мастона Эргашева. “Мастона месарояд”. Ба истиқболи 55-умин солгарди фаъолияти эҷодии Мастона Эргашева. Душанбе, “Адиб”,2022. – 262 саҳ.
- Сироҷиддин Ҷӯраев. “Дурдона”, маҷмӯаи оҳангҳои Сироҷиддин Ҷӯраев барои ансамблҳои навозандагӣ. Душанбе, “Истеъдод”- 2022. 98 саҳ.
Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Методикаи суннати устод-шогирд ва тадбиқи он дар мактаби олии мусиқӣ: эҳё ва инноватсия” бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-27 апрели соли 2021 омӯзгорони факултет бо маърӯзаҳои мубрам баромад намуданд. Каримзода С. С., ноиби ректор оид ба таълим, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ - “Зуҳуроти системаи устод-шогирд дар мактабҳои авлодии фалакхонӣ”; Бурҳонов М. Р., декани факултети мусиқии суннатии тоҷик, омӯзгори калон – “Эҳёи суннати силсилахонӣ зимни мактаби устод-шогирд дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов”; Иброҳимзода Х. Н., мудири кафедраи сарояндагии анъанавӣ, и.в. дотсент – “Ҷойгоҳи силсилаи Савти Чоргоҳи Муҳайяр дар Шашмақом”; Исмоилов А., омӯзгори калон – “Таҳаввули анъанаи устод-шогирд дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХІ”; Маҳмудӣ А. Д., и.в дотсенти кафедраи мутрибони анъанавӣ – “Технологияҳои инноватсионӣ дар омӯзиши мусиқии суннатӣ”; Назриев И. А., и.в дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ – “Суруду оҳангҳои халқии Абдулло Назриев дар таълими донишҷӯён”; Раҷабов Н., магистранти курси 2 кафедраи мутрибони анъанавӣ – “Баъзе хусусиятҳои қӯшнай ва мавқеи он дар оилаи созҳои мусиқии нафасӣ”; Лутфишоев Қ. Д, магистранти курси 2 –кафедраи сарояндагии анъанавӣ “Анъанаи мадҳиясароӣ дар низоми устод-шогирд”.
Соли 2017 як гурӯҳ омӯзгорони факултет – Каримзода С. С., Ғоибназаров Ч., Бурњонов М. Р., Алиев М. А. ва Лутфишоев Қ. Д. барои дарёфти намунаҳои олии Фалак ба экспедитсияи этнографӣ дар минтаќаи Кӯлоб (ш. Кӯлоб, н. Восеъ, н. Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, н. Муминобод, н. Ш. Шоњин) ва Бадахшон (ш. Хорӯғ, н. Рушон, Рошқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Ванҷ, Дарвоз) аз 17 то 30 июл иштирок намуданд.
Чорабинињои илмӣ-амалии “Мусиқии касбӣ дар Тоҷикистон: омӯзиш, пажӯҳиш ва ҷамъоварии мавод”. Семинари этнографӣ “Натиҷагирии экспедитсияи этнографии соли 2017”. Иштирокчиёни экспедитсия бо маърузаҳо дар мавзуъҳои Силсилањои Фалак, Каримзода С. С., Дойрабазм, Қабопуш, Дафсоз, Бурҳонов М. Р., Силсилаи Мадњия Лутфишоев Қ. Д. ва Алиев М. А. дар конфронстолори Консерватория бо гузоришу слайдҳои ҷолиб баромад намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки зиёда аз 100 нафар донишҷӯёну омӯзгорони факултети мусиқии суннатии тоҷик ғолибон ва ҷойизадорони озмунҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардидаанд.
Декани факултети мусиқии суннатии тоҷик

Бурҳонов Манучеҳр Раҳмонович
- Маълумот барои тамос:
- 227-07-36; 987-435-793
- Email: manuchehr_burhonov@mail.ru
Муовини декани факултети мусиқии суннатии тоҷик

Фаридуни Ҳотам
- Солҳои 2007-2012 дар факултети мусиқии суннатии тоҷик, шуъбаи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар таҳсил намудааст.
- Аз соли 2012 то соли 2014 дар ансамбли давлатии “Фалак”- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси овозхони дараҷаи якум кору фаъолият намуд.
- Аз соли 2023 то ҳол ба ҳайси муовини декани факултети мусиқии суннатии тоҷик фаъолият мекунад.
Маълумот барои тамос:
987-535-358
Email: faridunnazarov66@gmail.com
