Консерти ҳисоботии оркестри созҳои халқӣ дар Консерватория
Санаи 18.05.2023 дар Толори калони Консерватория, бахшида ба 20-солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ҳисоботии оркестри созҳои халқӣ баргузор гардид.
Дар барномаи консерти оҳангҳои З. Нишонов, А. Матхолов, С. Ҳомидов, Ф. Самадов, А. Тошматов, З. Шаҳидӣ садо доданд. Махсусияти консерти ҳисоботии имсола аз он иборат буд, ки дар он 4 нафар хатмкунандагон зери роҳбарии устодонашон асарҳои нав дирижёрӣ намуданд.
Сардирижёр, оркестр, омӯзгори калон Ганҷибек Ғуломҳайдаров ва дирижёр, дотсент Аброр Маҳмудӣ.