Иштироки устодону кормандони консерваторияи миллӣ дар машқҳои пагоҳирӯзӣ
Субҳи имрӯз дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ бо иштироки кормандони зерсохторҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии солимгардонӣ устодону кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов низ фаъолона иштирок намуданд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади таҳкими солимии ҷисмонӣ, баланд бардоштани руҳияи корӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани муҳити созгору солим дар байни кормандони соҳаи фарҳанг баргузор карда мешаванд.
