Консерти муштараки “Навои дӯстӣ”
Таи 3 рӯз мешавад, ки дар меҳмонии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов намояндагони филиали Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ҳузур доранд. Бино ба иттилоъ, ин муассисаи таълимӣ навтаъсис буда, мақсади ташрифи устодон коромӯзӣ, табодули таҷриба ва таҳияи нақшаҳои нави ҳамкории минбаъда, баҳри рушди санъати касбии мусиқӣ мебошад. Дар давоми сафари кории худ меҳмонон ба дарсҳои кушоди омӯзгорон аз фанҳои тахассусӣ иштирок намуда, бо нақшаву барномаҳои таълимӣ шинос шуданд.
Инчунин, аз ҷониби дирижёри Консерваторияи Нукус, профессор Ҳикмат Раҷабов кор бо оркестри созҳои халқӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо муяссар гардид, ки дар натиҷаи якчанд тамринҳо консерти муштарак таҳти унвони “Навои дӯстӣ”-ро омода карда, пешкаши тамошобинон гардонанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар барномаи мазкур оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ӯзбек садо дода, профессор Рӯдаки Алланбаев якчанд сурудҳо бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ иҷро намуд.
Профессор Ҳикмат Раҷабов ба қобилият ва маҳорати навозандагии донишҷӯёни Консерватория баҳои баланд дода қайд кард, ки минбаъд мебояд табодули донишшҷӯёнро низ ба роҳ монд, то онҳо тавонанд аз таҷрибаи ҳамдигар биомӯзанд.
Умедворем, ки ин таҷриба дар оянда идома ёфта, барои ҷавонон имкониятҳои зиёд муҳайё месозад.