Ҳафтаи Илм: Кафедраи ҷомеашиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ
Субҳи имрӯз дар конфронстолор қисми дуюми конференсияи илмӣ-амалии кафедраи ҷомеашиносӣ ва фанҳои гуманитарӣ доир гардид.
Маърӯзаҳои пешниҳоднамудаи профессорону омӯзгорони кафедра ба масъалаҳои мубрами илмҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ дар замони муосир нигаронида шуда, самтҳои зеринро дар бар гирифтанд:
- Моҳияти давлати дунявӣ ва дурнамои рушди он дар Тоҷикистон;
- Такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ: самтҳои асосии таҳқиқот дар фарҳангшиносии татбиқӣ;
- Саҳми беназири Николай Афанасевич Метлов дар тарбияи мусиқии томактабӣ;
- Заминаҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар таълимоти Зардуштия;
- Ҳунари нақшу нигори девор дар Паҷакенти қадим;
- Мотиватсия ва роҳу усулҳои ҳавасмандгардонии ҳайат.
Дар фарҷоми ҷамъомад ширкаткунандагон фикру андешаҳои худро иброз намуда, аз баргузории конференсия изҳори қаноатмандӣ намуданд.