Пешвои Миллат ва сиёсати фарҳангӣ ҳамчун пояи худшиносии миллӣ
Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мешавад ва ҳадафи асосии он эҳтиром ба Пешвои миллат, кафили давлатдории миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дуҷониба — ҳифзи истиқлолият ва рушди фарҳанг — нақши барҷаста дар пойдории давлат ва тақвияти худшиносии миллӣ доранд. Аз рӯзи ба сари қудрат омадани худ, Сарвари давлат сиёсати устувори дохилӣ ва хориҷиро бо мақсади ҳифзи ваҳдат ва истиқлолият роҳандозӣ карданд. Рӯзи Президент баёнгари аҳамияти Пешвои миллат дар таъмини ваҳдати халқ, ҳифзи истиқлолият ва рушди маънавият мебошад.
Дар давраи истиқлолият Пешвои миллат барои тақвияти давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолият тадбирҳои мушаххас андешиданд. Ин тадбирҳо ҳифзи ваҳдати миллӣ, тақвияти сохторҳои давлатдорӣ, ташкили низоми идораи давлатӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро фаро мегирифтанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид намудаанд, ки истиқлолият ва давлатдории устувор заминаи рушди ҳамаҷонибаи миллат мебошанд ва бе таҳкими онҳо рушди иҷтимоӣ ва маънавӣ имконнопазир аст. Истиқлолият на танҳо ба маънои сиёсӣ, балки ба маънои фарҳангӣ ва маънавӣ низ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои таърихӣ бо пойдории давлат ва худшиносии мардум пайванд доранд.
Сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ҳамчун пояи худшиносии миллӣ аҳамияти хоса пайдо кард. Ҳифз ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди забон ва адабиёт, барқарорсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва дастгирии аҳли эҷод ҷузъи муҳими ин сиёсати давлат мебошанд. Ҷашнҳои миллӣ чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада бо дастури Пешвои миллат мақоми давлатӣ гирифтанд ва таҷлили онҳо рамзи эҳёи фарҳанги бостонии тоҷикон гардид. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки фарҳанг сутуни давлат ва нишонаи маънавии миллат мебошад ва ҳар миллате, ки фарҳанги худро эҳё мекунад, тавонист бо ҳувияти худ ваҳдат ва истиқлолиятро нигоҳ дорад.
Бо дастгирии Пешвои миллат садҳо театр, осорхона, қасрҳои фарҳанг ва осорхонаи миллӣ барқарор ва таҷдид гардиданд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Истиқлолият намунаи равшани ғамхорӣ нисбат ба мероси таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд ва бозсозии Ҳисори қадим ва қалъаҳои таърихӣ шаҳодат аз ин сиёсати устувор мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо арзишҳои моддии фарҳангро ҳифз мекунанд, балки ҷойгоҳи аҳли эҷод ва зиёиёнро дар ҷомеа боло мебардоранд. Таҳкими забони тоҷикӣ ва қабули қонуни «Дар бораи забони давлатӣ» заминаи устувори сиёсати забонӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардид ва барномаҳои озмунӣ чун «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муҳаббат ба китоб ва илму маърифатро дар ҷомеа тақвият доданд.
Дар бахши санъат ва эҷодиёти муосир низ сиёсати Пешвои миллат ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ мебошад. Дастгирии аҳли эҷод ва зиёиён, ташкили озмунҳо, грантҳо ва мукофотҳои давлатӣ барои аҳли эҷод нишон медиҳад, ки давлат арзишҳои маънавиро ҳамчун нерӯи пешбарандаи миллат ва василаи тақвияти давлатдорӣ мешуморад. Имрӯз театрҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ на танҳо ба ҳифзи анъанаҳои миллии тоҷикон, балки ба рушди санъат ва мусиқӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ мусоидат мекунанд. Ҷашнҳо ва анъанаҳои миллӣ ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои фарҳанги бой муаррифӣ мекунанд.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид кардаанд, ки пойдории давлат ва устувории истиқлолият бе ҳамоҳангии сиёсати фарҳангӣ имконнопазир аст. Давлатдорӣ ва фарҳанг ба ҳам пайванд дошта, якдигарро тақвият медиҳанд. Бо сиёсати фарҳангӣ Пешвои миллат тавонистанд на танҳо арзишҳои миллиро ҳифз кунанд, балки онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд ва худшиносии миллиро мустаҳкам созанд. Ин раванд барои ҷомеа як ҷараёни баробарии маънавӣ ва сиёсӣ фароҳам меорад, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолият бо сиёсати фарҳангии худ пояи худшиносии миллӣ ва ваҳдати халқро тақвият дода, заминаи устувори рушди иҷтимоӣ ва маънавӣ фароҳам оварданд. Сиёсати фарҳангӣ ва ҳифзи давлатдорӣ дар ҳамоҳангӣ заминаи пойдории Тоҷикистон ва эҳёи ҳувияти миллӣ мебошад ва фарҳанг имрӯз ҳамчун василаи муҳими ваҳдат ва пояи худшиносии миллӣ нақши барҷаста мебозад. Маҳз тавассути ин сиёсати дуҷониба давлатдорӣ ва фарҳанг миллат тавонист истиқлолият ва ваҳдати худро мустаҳкам нигоҳ дорад ва насли ояндаро бо худшиносии миллӣ ва эҳтироми арзишҳои таърихӣ тарбия намояд.
Рӯзи Президент ҳамчунин хотиррасон мекунад, ки Пешвои миллат бо ирода ва сиёсати дуҷонибаи худ тавонистанд давлатдорӣ ва фарҳангро ба як ҷараёни ҳамоҳанг табдил диҳанд, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад. Тақвияти давлатдорӣ ва эҳёи фарҳанг заминаи пояи устувори худшиносии миллӣ ва таъмини ваҳдати халқро фароҳам овард ва имрӯз ин арзишҳо ҳамчун мероси давлатӣ ва маънавӣ барои наслҳои оянда нигоҳ дошта мешаванд.
Шарифи Ашӯр,
ассистенти кафедраи ҷомеашиносии
Консерваторияи миллии Тоҷикистон
ба номи Т. Сатторов
