Нишасти матбуотӣ
Санаи 03.02.2026, соати 9-00 тибқи нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар робита ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Таалабхӯҷа Сатторов дар соли 2025 нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он теъдоде аз хабаргузориҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили АМИТ “Ховар”, радиоҳои “Садои Душанбе”, “Ховар”, ТВ “Баҳористон”, “Ҷаҳонннамо”, нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “омӯзгор”, “Истиқбол”, “Фирӯза” ширкат варзиданд. Дар нишасти мазкур ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Б.Д. доир ба натиҷаҳои фаъолият, комёбию пешрафт ва дастовардҳо дар соли 2025 ба таври муфассал гузориш дода, оид ба нақшаҳои илмию эҷодӣ дар соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда сухан ронд. Аз гузориши мазкур маълум гардид, ки Консерваторияи миллӣ дар соли гузашта ба комёбиҳои намоён даст ёфтааст, аз ҷумла, нақшаи қабули донишҷӯён 100% иҷро гардида, дар чандин озмунҳои дохилӣ ва берунӣ шогирдони Консерватория барандаи ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардидаанд.
Баъд аз гузориши ректори Консерватория аз ҷониби хабарнигорон, аз ҷумла, аз ҷониби хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо” оид ба таҳсил ва такмили тахассуси донишҷӯён ва кормандони Консерватория дар хориҷи кишвар, АМИТ “Ховар” оид ба таъмини хатмкунандагон бо ҷойҳои кор ва сифати таҳсил, радиои “Ховар” оид ба фаъолияти бахшҳои мусиқии суннатии тоҷик, “Фалак” ва “Шашмақом”, ва дар робита ба ин, мактаби сарояндагии суннатии Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Исмоил Назриев ва ғ. ва дар оянда давом додани мактабҳои ҳунарии ин устодони бузург, радиои “Тоҷикистон” доир ба робитаҳои фарҳангии Консерваторияи миллӣ бо кишварҳои ҳориҷӣ ва бо таҳсил фаро гирифта шудани шаҳрвандони хориҷӣ саволҳо пешниҳод намуданд. Ба саволҳои ироагардида ректор Давлатзода Б.Д., муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода З.Ш., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Л.А. ҷавобҳои қонеъкунанда ироа намуданд.
Саҳифаҳои расмии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар саҳифаи Инстаграм
Мо дар саҳифаи Фейсбук
Сомона Консерватория

