Консерт ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи баргузории консертҳои эҷодӣ ва ҷашнӣ санаи 23.02.2026, дар Толори хурди Консерваторияи миллӣ бамуносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бошукӯҳ баргузор шуд. Дар оғоз омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гумантиарӣ Шарифи Ашур зери унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” маърузаи пурмуҳтаво намуд ва дар он аз рӯзи сахтусангини оғози даврони соҳибистиқлолӣ, талошҳо баҳри якпорчагӣ, тинҷию оромии кишвар ва ваҳдату ягонагии мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин кӯшишу заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳқими Артиши миллӣ сухан ронд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадри кофӣ тавоно буда, қодир аст аз якпорчагии кишвар, дастовардҳои замони истиқлол ва ҳамчунин осоиштагии мардуми шарифи Тоҷикистон дифоъ намояд.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни факултети иҷрокунандагӣ барномаи зебои консертӣ иҷро гардид ва аз ҷониби ташобинон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол кардашуд.
Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Баҳодур Давлат бори дигар аз аҳамияти ин санаи муҳимму тақдирсоз ва нақши Артиши миллӣ дар ҳаёти дирӯзу имрӯзи кишвар сухан ронд ва тамоми ҳозирин ва махсусан ҷавонони далеру шуҷоъи Меҳани азизамонро бо ин иди фархунда табрик намуд.

