Ҷамъбасти озмуни “Гулдухтарони Тоҷик”

Posted Fri, 27/03/2026 - 18:07
By admin
Гулдухтарони Тоҷик

Тибқи баргузории озмунҳои дохилӣ ва берунии Консерваторияи миллӣ, баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ санаи 27- марти соли 2026 дар Консерваторияи миллӣ даври дувуми озмуни “Гулдухтарони тоҷик” баргузор шуд. Дар он гулдухтарони се факултети Консерватория – иҷрокунандагӣ, мусиқии суннатии тоҷик ва санъати мусиқии эстрадӣ, ки дар даври аввали озмуни мазкур санаи 18 марти соли 2026 пирӯз гардида, ба даври дувум роҳхат гирифта буданд, иштирок намуда, малакаю маҳорати худро тибқи Низомномаи озмуни “Гулдухтарони тоҷик” дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба намоиш гузоштанд.

Ҷамъбасти озмуни “Гулдухтарони Тоҷик”

Дар фарҷом баъди баррасии малакаю маҳорати гулдухтарони ширкаткунанда тибқи қарори ниҳоии ҳайати ҳакамон гулдухтарони факултети иҷрокунандагӣ дар умум бо дарёфти 626 хол соҳиби ҷойи якум, факултети санъати мусиқии эстрадӣ бо дарёфти 564 хол соҳиби ҷойидуюм ва факултети мусиқии суннатии тоҷик бо дарёфти 532 хол соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибони озмун cанаи 31-уми март, дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Консерваторияи миллӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.