Озмуни ҷумҳуриявии “ Тоҷикистон-Ватани азизи ман”
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2026, №АП-949 протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни мазкур ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2026, таҳти №51гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби устодон ва омӯзгорони варзидаи муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шуданд. Ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар муовини декани факултети мусиқии суннатии тоҷик Фаридуни Ҳотам ва мудири кафедраи мутрибони анъанавӣ Давлатов Қурбон сафарбар шудаанд. Омӯзгорони номбурда тайи чанд рӯз дар озмунҳои ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, шаҳри Левакант иштирок намуда, ба сатҳи омодагии иштироккунандагони озмуни мазкур дар даври якум баҳои сазовор доданд.
Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ баҳри баҳогузории даври якуми озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” то 21-уми моҳи апрел идома хоҳад ёфт.
