Аттестатсияи хатм дар факултети мусиқии суннатии тоҷик
Дар асоси Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муасссисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта (№06/8 аз 29 апрели соли 2022) ва нақшаҳои таълимии амалкунандаи Консерватория, тибқи фармоиши Ректори Консерваторияи миллӣ аз 04.03.2026, №13-у, аттестатсияи хатм аз 18-уми май то 9-уми июн муқаррар шудааст.
Санаи 18-уми май, соати 8:00 аттестатсияи хатм дар факултети мусиқии суннатии тоҷик, ихтисоси мутрибони анъанавӣ оғоз гардид. Дар аттестатсияи хатм ҳамаи 5 нафар хатмкунандагони шуъбаи мутрибони анъанавӣ иштирок намуда, имтиҳонҳои аттестатсияи хатмро аз фанни ихтисос муваффақона супориданд.
Ба хатмкунандагон дар супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем.
