Вокуниш

Posted Tue, 30/06/2026 - 11:12
By admin
Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабе аз ҷониби Меҳрубон Зокирӣ вобаста ба фаъолияти таҳхонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон нашр гардидааст, ки дар он иддаоҳои гуногуни эҳсосӣ баён шудаанд. Мехрубон Зокири таъкид кард, ки то имрӯз ин гуфтаҳо танҳо назари шахсӣ ва иддаои муаллифи навишта буда, бо ягон санади расмӣ ё натиҷаи санҷиш тасдиқ нашудаанд. Аз ин рӯ, ин гуна назарҳои эҳсосӣ, ки бар асоси манофеи шахсӣ сурат гирифтааст, ба чунин иддаоҳо ҳамчун далели собит муносибат кардан дуруст нест.

Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар сурати мушоҳидаи қонунвайронкунӣ ё дигар ҳолатҳои нигаронкунанда ба роҳбарияти муассиса, бо тартиби муқарраргардидаи қонун муроҷиат намояд. Дар сурати ворид шудани муроҷиати расмӣ, он бояд тибқи талаботи қонун баррасӣ гардида, дар ҳолати ошкор шудани қонуншиканӣ нисбат ба шахсони гунаҳкор чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Қобили зикр аст, ки худи Меҳрубон Зокирӣ таълимгирандаи курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон буда, қаблан низ оид ба сифати таълими созҳои мусиқӣ ва фаъолияти ин муассиса матлабҳо интишор намуда буд. Ӯ қаблан низ аз фаъолияти ин муассиса, аз ҷумла аз раванди таълим ва омӯзиши созҳои мусиқӣ, бо лаҳни мусбат ёд карда, матлабу наворҳо интишор намудааст. https://www.facebook.com/share/v/1aSwU1Hu7M/

Ҳамчунин, дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» маҳз бо ҳамроҳӣ ва дастгирии навозандагони Консерваторияи миллӣ ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷой гардида, ба даври дуюми озмун роҳ ёфта буд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки то имрӯз миёни ӯ ва ҳайати эҷодии муассиса ҳамкории хуб вуҷуд дошт.

Консерваторияи миллӣ ҳамеша ҷонибдори шаффофият, риояи қонун, муҳити солими таълимӣ ва баррасии беғаразонаи ҳама гуна муроҷиатҳо мебошад.