Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»
23-юми октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар даври ниҳоии озмуни мазкур ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, бо ба даст овардани се Шоҳҷоиза ва як қатор ҷойҳои ифтихорӣ бори дигар маҳорати баланди ҳунарии донишҷӯёни худро нишон дод.
Се Шоҳҷоизаи озмунро Раҷабов Сафарбег Ҳусайнович дар номинатсияи «Сарояндагии анъанавӣ», Давлатзода Муҳаммад дар номинатсияи «Навозандагии академӣ» ва Насриддинов Эмомназар дар номинатсияи «Композитории академӣ» соҳиб шуданд. Ин дастоварди бесобиқа барои Консерватория натиҷаи заҳмати пайвастаи донишҷӯён, маҳорати касбии устодон ва фаъолияти самарабахши таълимию эҷодӣ мебошад.
Дар баробари се Шоҳҷоиза, намояндагони муассиса дар номинатсияҳои гуногуни сарояндагӣ, навозандагӣ ва композиторӣ соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Аз ҷумла, Ҷалилов Ҷавоҳир Турсунбоевич, Узоқов Маъруф Набиҷонович, Ҷумаев Лутфулло ва Абдуҳакимзода Нушин ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Дар маҷмӯъ, тибқи рӯйхати пешниҳодшуда, 25 намояндаи Консерватория дар даври ниҳоии озмун ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни Консерватория ҳамасола дар ин озмуни бонуфуз фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2024 аз 23 иштирокчии муассиса дар даври ҷамъбастӣ 14 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, соли 2025 бошад, 21 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварда шуд. Натиҷаҳои соли 2026, бахусус ба даст овардани се Шоҳҷоиза, саҳми Консерваторияи миллии Тоҷикистонро ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии мусиқии кишвар дар тарбияи ҳунармандони соҳибкасб, рушди санъати мусиқии миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои арзишманди ҳунарӣ боз ҳам равшан инъикос менамоянд.
