Қадрдонии ректори Консеваторияи миллӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Имрӯз ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов профессор Давлатзода Баҳодур Давлат барои саҳми арзанда дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ин қадрдонӣ нишонаи эътирофи саҳми арзандаи роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар рушду густариши фарҳанги миллӣ, тарғиби арзишҳои волои маънавӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ба шумор меравад. Зикр гардид, ки саҳми муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, барои муаррифии дастовардҳои фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, дар навбати худ, барои чунин қадрдонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса минбаъд низ баҳри рушди санъати мусиқии миллӣ, тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва саҳмгузорӣ дар пешрафти фарҳанги тоҷик талош хоҳанд кард.
