Консерти омӯзгори кафедраи сарояндаги
28-уми апрели соли 2025 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти омӯзгори кафедраи сарояндагии академӣ Мирзоева Мария ва консертмейстер Баҳромзода Асрина баргузор гардид.
Дар косерт суруду оҳангҳо аз эҷодиёти шоирону бастакорони маъруфи ҷаҳонӣ пешкаши ҳозирин гардид. Дар барномаи консертӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат ва директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Камолиддин Сайфидинзода иштирок намуда, ректори Консерваторияи миллӣ ҷиҳати баргузории барномаи консертӣ ибрози андеша намуданд ва ба онҳо комёбию муваффақият таманно намуданд.