Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ
9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ — 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ҷиҳати вусъат додани заҳмати созанда ва зиндагии арзанда барои мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа неъмати аз ҳама арзишманд мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
“Маҳз ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, ки хусусан солҳои охир ба масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, чанде пештар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 — 2036”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид”, — изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
