Факултети санъати мусиқии эстрадӣ соли 2015 чун факултети мустақил таъсис ёфт ва аввалин декани факултет Ҷ.С. Халилов буд. Кафедраҳои факултетро шахсиятҳои шинохта, композитор, дотсент С.М. Халилов, дирижёри хор, и.в.дотсент М.Н. Саидов роҳбарӣ намудаанд. Соли 2014 шуъбаи коргардонии сабти овоз ба кафедраи санъати мусиқии эстрадӣ гузаронида шуд, ки он замон вазифаи мудири кафедраро Ҷ.С. Халилов ба уҳда дошт. Аз соли 2017 вазифаи декани факултетро С.С. Амонов ба уҳда гирифт ва аз соли 2018 то соли 2025 Х.И. Шарифов ба ҳайси декани факултет фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 2025 то ҳол сарварии факултетро Исломов Н.Қ. ба зимма дорад.
Дар сохтори факултет се кафедра мавҷуд буда, аз рӯйи се ихтисос: сарояндагии эстрадӣ, навозандагии эстрадӣ ва режиссураи (коргардонии) овоз мутахассисон омода карда мешаванд.
Айни замон дар факултет устодони соҳибунвон, ба мисли Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и. в. дотсент Баҳодур Неъматзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дотсент Исматулло Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и. в. профессор Саидқул Билолов, оҳангсозонон Ҷасур Халилов ва Ҷурабек Умаров, коргардони варзида, и. в. дотсент Исматулло Саидов ба шогирдон нозукиҳои сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ ва ҳамчунин коргардонии сабти овозро меомӯзонанд.
Исломов Нусрат Қудратович

Декани факултети санъати мусиқии эстради
Кор ва фаъолияти собиқа
- Солҳои 2008-2011 Театри давлати опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Артисти хор дараҷаи 2.
- Солҳои 2011-2012 Театри давлати опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Артисти хор дараҷаи 1.
- Соли 2012-2016 Омўзгори кафедраи сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Соли 2016 то ҳол Омўзгори калони кафедраи сарояндагии эстрадӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Солҳои 2016-2021 Мудири кафедраи сарояндагии эстрадии муассисаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Соли 2021-2024 Мудири шуъбаи фосилавӣ ва такмили ихтисоси кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Солҳои 2024-2025 Мудири кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Аз сентябри соли 2025 то ҳол Декани факултети санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Телефон: 2274135, 907012426
Муовини декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ

Каримов Раҳматулло Сафаралиевич
Аз сентябри соли 2024 то ҳол ба сифати муовини декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ фаъолият мекунад.
Маълумот барои тамос:
Телефон: (+992 3) 227-41-35; (+992) 904-085-053
E-mail: rahmatullokarimov148@mail.ru.
