Дастовардҳои навбатии омӯзгорон ва донишҷӯёни консерватория дар фестивал-озмунҳои байналмилалии мусиқӣ

Posted Thu, 12/25/2025 - 19:17
By admin

Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар фестивал ва озмунҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди касбӣ, эҷодӣ ва фарҳангии муассиса ба шумор меравад. Чунин чорабиниҳо на танҳо имкони муаррифии иқтидори эҷодии омӯзгорон ва муҳассилинро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меоранд, балки ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба, ошноӣ бо мактабҳои гуногуни санъат ва таҳкими нуфузи Консерватория дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.

Омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён тавассути иштирок дар ин гуна озмунҳо сатҳи маҳорати касбии худро такмил бахшида, ҷаҳонбинии фарҳангии хешро ғанӣ мегардонанд. Ин раванд дар ташаккули шахсияти эҷодкор, баланд бардоштани ҳисси масъулият дар назди ватану миллат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим дорад.

Дар ҷамъбасти соли 2025 ғолибияти омӯзгори кафедраи созҳои оркестрӣ Далер Раҷабов ва донишҷӯи курси сеюми ҳамин кафедра Рустам Қурбонов дар яке аз бонуфузтарин озмунҳои байналмилалӣ — «WORLD ART GAMES», ки дар кишвари Испания баргузор гардид, барои Консерватория дастоварди бузург ва шоиста маҳсуб меёбад.

Озмуни байналмилалии «WORLD ART GAMES» бо ҳадафи дарёфти иҷрокунандагони боистеъдод дар соҳаҳои гуногуни санъат, аз ҷумла мусиқӣ, хореография, овозхонӣ, иҷрокунандагии созӣ ва дигар намудҳои эҷодиёти бадеӣ баргузор шуда, намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳонро муттаҳид менамояд.
Далер Раҷабов ва Рустам Қурбонов дар номинатсияи «Иҷрокунандагии созӣ» (созҳои нафасӣ), ки ба тариқи онлайн доир гардид, иштирок намуда, бо иҷрои сатҳи баланди ҳунарӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, омӯзгори Консерватория Далер Раҷабов дар Фестивал-озмуни байналмилалии «BENUA FESTIVAL – 2025», ки дар моҳҳои октябр–декабри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, дар номинатсияи «Кларнет» иштирок намуда, ба гирифтани дипломи лауреати дараҷаи дуюм шарафёб гашт.

«BENUA FESTIVAL» яке аз фестивал-озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, дар Осорхонаи оилаи Бенуа баргузор мегардад. Ин муассиса аз марказҳои муҳими фарҳангӣ-таърихии шаҳри Санкт-Петербург ба ҳисоб рафта, бо номи сулолаи машҳури Бенуа — намояндагони барҷастаи санъати рус ва аврупоӣ — иртиботи зич дорад.

Ин дастовардҳои назаррас бори дигар собит менамоянд, ки сатҳи касбияти иҷрокунандагии омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон пайваста рушд ёфта, муассиса дар тарбияи мутахассисони баландихтисос ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дорад.

Рамзия Саидзода, сардори Маркази иттилоот ва робитаҳои байналмилалӣ