Донишҷӯи сол

Posted Wed, 06/04/2025 - 20:37
By admin
Масаидов Обидҷон

Масаидов Обидҷон, донишҷӯи факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Ин озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими нерӯи зеҳнии насли ҷавон мебошад.

Обидҷон бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти намунавии худ миёни садҳо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешсаф гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Масаидов Оидҷон аз қабили донишҷӯёне мебошад, ки бо одобу рафтори намуна ва дониши худ миёни ҳамсабақон обруву эҳтироми хосса касб намудааст.

Номбурда дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва конференсияҳои илмӣ-амалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон пайваста иштирок менамояд. Зиёда аз ин, дар мавзӯъҳои гуногуни ҷамъиятӣ мақолаҳо рӯи чоп овардааст.