Ҳафтаи илм: Мизи мудаввари кафедраи сарояндагии анъанавӣ
Ҳамзамон, имрӯз - 21-уми апрели соли 2026, соати 14:30 дар мизи мудаввари кафедраи сарояндагии анъанавӣ ду маърузаи илмӣ пешниҳод гардид, ки ба масъалаҳои муҳимми ҳифз ва рушди санъати сарояндагии миллӣ бахшида шуда буданд.
Дар кори чорабинии илмӣ муовини ректор оид ба илм Шарифзода Л.А., декани факултети мусиқии суннатии тоҷик Бурҳонов М.Р., мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ Назархудоев Н.Н., омӯзгорону донишҷӯёни кафедра иштирок намуданд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и.в. дотсент Муҳаррама Шарифзода дар мавзуи «Саҳми Нигина Рауфова дар тарғиб ва эҳёи сурудҳои мардумии тоҷик» нақши ин сарояндаи нотакрорро дар эҳёи мероси мусиқии мардумӣ таҳлил намуда, хотираҳои замони шиносоӣ, ҳамкорӣ ва ҳунари сарояндагии устод Нигина Рауфоваро иброз намуданд.
Ҳайдаров Зоиршо, мудири кафедра бошад, дар мавзуи «Саҳми Абдураҳим Шерматов дар ҳифз ва рушди анъанаҳои мусиқии Исфара» масъалаҳои марбут ба идомаи анъанаҳои маҳаллии сарояндагиро таҳлил намуд.
Дар анҷоми мизи мудаввар байни маърузачиён ва иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои судманд баргузор гардида, аҳаммияти таҳқиқоти минбаъда дар самти сарояндагии анъанавӣ ва баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ таъкид карда шуд
