Ҳамкориҳои cудманд

Мулоқоти ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бо ректори Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо, доктори илмҳои санъатшиносӣ Рыжинский Александр Сергеевич доир гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои шартномаи дуҷониба намудан, рушди санъати мусиқии касбӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ректори Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо Александр Сергеевич изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо аз ин пас хубу беҳтар хоҳад шуд.