Ҳимояи рисолаи номзадии Давлатзода Баҳодур Давлат
Санаи 26 майи соли 2023 дар маҷлиси Шурои муштараки диссертатсионии 6D.KOA-70 назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии Давлатзода Баҳодур Давлат баргузор гардид.
Давлатзода Баҳодур Давлат рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои санъатшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 17.00.02 – Санъати мусиқӣ дар мавзуи “Хордофонҳои торӣ-мизробии тоҷик дар низоми навозандагии ансамблӣ-оркестрии миллӣ: таҳқиқоти этнооргонологӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи назарияи мусиқии Институти давлатии санъати ба номи Загир Исмагилови шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рахимов Равил Галимович бо муваффақият ҳимоя намуд.
Ҳимояи рисолаи номзадии Давлатзода Баҳодур Давлат дар сатҳи баланд доир гашта, дар кори он олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, аъзоёни Шурои диссертатсионӣ ва докторону номзадони илм ширкат намуданд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлатро ба ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш муваффақиятҳои пайдарпай таманно менамоянд.