Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳафтаи илм дар ҷумҳурӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ ва рушди санъати мусиқии тоҷик: масъалаҳои эҷодӣ, илмӣ ва таълимӣ-пажӯҳишӣ дар муассисаҳои олии мусиқӣ» ба кори худ оғоз намуд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Б.Д. ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва меҳмононро ба ин ҳамоиши муҳимми илмӣ-амалӣ хайрамақдам гуфт. Дар идома мавсуф дар мавзуи «Нақши Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар рушди мусиқии касбӣ» маъруза намуда, аҳаммияти ниҳоди мазкурро дар ташаккули мактаби миллии мусиқии касбӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос таъкид кард.
Сипас, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низомов А.Н. бо маърузаи худ таҳти унвони «Семантикаи “Шашмақом” ва масъалаҳои этногенези халқи тоҷик» баромад намуда, ба паҳлуҳои назариявию таърихии ин мероси нодири мусиқӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Дар идомаи конференсия, сардори раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар баромад намуда, Ҳафтаи илми тоҷикро ба ҳамаи иштирокчиён табрик гуфт.
Ҳамчунин, дар доираи барномаи конференсия як қатор маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Каримзода С.С. дар мавзуи «Услуби силсиласозӣ дар анъанаи фалаки помирӣ» суханронӣ намуда, хусусиятҳои жанрӣ ва сохтории ин падидаи мусиқии касбиро мавриди таҳлил қарор дод.
Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи К. Қурбонов Раҳимӣ Раҳмон дар мавзуи «Нақши муассисаҳои таълимии мусиқӣ дар омодасозии мутахассисони соҳаи санъат (дар мисоли Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб)» маъруза пешниҳод намуда, ба масъалаҳои тайёр намудани кадрҳои соҳа дар заминаи таҷрибаи муассисаҳои миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Л.А. дар мавзуи «Ҷойгоҳи илм дар низоми таҳсилоти мусиқӣ: дастовард ва мушкилот» суханронӣ намуда, масъалаҳои муҳимми рушди илм дар муҳити таълимии мусиқиро баррасӣ намуд.
Конференсия дар фазои мубоҳисавии илмӣ идома ёфта, интизор меравад натиҷаҳои он барои таҳкими заминаҳои назариявӣ ва амалии рушди санъати мусиқии тоҷик, инчунин такмили низоми таҳсилоти мусиқӣ саҳми арзанда гузоранд.
Кори конференсия дар чаҳор бахш идома намуда, соати 13:00 бахши мусиқишиносӣ ва рӯзҳои баъдӣ бахшҳои дигар ба кори худ идома хоҳад ёфт.
