Намоиш ва фурӯши китоб

Posted Sat, 04/04/2026 - 15:47
By admin
Намоиш ва фурӯши китоб

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми апрели соли 2026 дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуд.

Дар намоиш ва фурӯш китобҳои бадеию таърихӣ, донишномаӣ, сиёсӣ, адабиёти бачагона, тарҷумаи бадеӣ ва ғайраҳо бо сифати баланд ва нархҳои барои алоқамандон дастрас пешниҳод гардида буданд.

Ҳайати раёсат ва омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз ин чорабинӣ дидан намуда, аз китобҳои барои намоиш ва фурӯш пешниҳодшуда харидорӣ намуданд.