Намояндагони Театри миллӣ-драмавии Россия (Александрийский) дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Thu, 04/25/2024 - 18:35
By admin

Имрӯз ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов намояндагони Театри миллӣ-драмавии  Россия (Александрийский) аз шаҳри Санкт-Петербург ташриф оварданд.

Дар ҳайати меҳмонон директори театр Емелянов Сергей Виталевич, ҷонишини директор Науменко Алиса Викторовна ва доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Ченуров Александр Анатолевич ҳузур доштанд.

Дар ибтидо,  ректори Консерватория Миралӣ Достизода меҳмононро пазироӣ намуда, дар бораи таъсисёбии Консерватория ва муваффақиятҳое, ки таи бист соли фаъолият ба даст оварда шуданд, маълумот доданд.

Ҳамзамон мавсуф зикр карданд, ки робитаҳои Консерватория бо дигар мактабҳои олии эҷодии ИДМ мустаҳкам буда, олимон ва эҷодкорони ин муассисаҳо дар конференсияҳо ва баргузории дарсҳои маҳорат аз фанҳои тахассусӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар рафти суҳбат Сергей Виталевич қайд кард, ки моҳи сентябри соли равон баргузории Форуми фарҳангии байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар аст ва аз роҳбарияти Консерватория ҷиҳати иштирок дар форуми мазкур даъват ба амал овард.