Рӯзи Шашмақом муборак!

Posted Mon, 05/12/2025 - 18:26
By admin
Рӯзи Шашмақом муборак

Шашмақом – мусиқии классики тоҷик тавассути анъанаи устод-шогирд дар тулии асрҳо пойдор боқӣ монда, симои маънавӣ ваҳувияти фарҳангии миллати тоҷикро таҷассум менамояд. Ташаккули Шашмақом дар нимаи дуюмиасри ХVIII дар Мактаби мусиқии классикии тоҷик – Мактаби классикии Шашмақом дар Бухоро нахустин бор зоҳир гардида, дар Мактаби шашмақомхонии Душанбе идомаи рушди пуршарафи худро ёфтааст. Устодони барҷастаи тоҷик Бобоҷалол Носиров, Мирзо Ғиёс Абдуғаниев, Мирзо Нарзулло, Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Домулло Ҳалим Ибодов,Бобоқул Файзуллоев,Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва дигарон дар ташаккул ва нигаҳдории ин санъати нодир саҳми арзанда гузошта, заминаи рушди онро фароҳам овардаанд.

Маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Шашмақом бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмақоми давлатӣ пайдо кард, соли 2000-ум 12 май ҳамчун «РӯзиШашмақом» расман эълон гардид, соли 2003 Шашмақом ба рӯйхати «Шоҳкориҳои башарият»-и ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд.

Консерваторияи миллии Тоҷикистоназ рӯзи аввали таъсис Шашмақомро ҳамчун меҳвари асосии барномаи таълимӣ интихоб карда, аз соли 2014 дар доираи лоиҳаи «Шомҳои мақомхонӣ» услуби суннатии силсилахониро ба роҳ монд. Дар татбиқи ин услуби силсилахонӣ устодонАлмосхон Абдуллоев, Мастона Эргашева, Хуршед Иброҳимзода, Абдурасул Исмоилов, Зоиршо Ҳайдаров, Сироҷиддин Ҷӯраев, Шавкат Оқилов ва Солиҷон Ориповто имрӯз нақши босазо гузоштанд. Дар ин муддат мақомҳои Дугоҳ (роҳбарон Алмосхон Абдуллоев, Шавкат Оқилов, соли 2015), Бузрук (роҳбарон Алмосхон Абдуллоев, Шавкат Оқилов, соли 2016), Наво (роҳбарон Ҷамшед Эргашев, Сироҷиддин Ҷӯраев, соли 2017), Сегоҳ (роҳбарон Хуршед Иброҳимзода, Солиҷон Орипов,соли 2018), Дугоҳ (роҳбарон Хуршед Иброҳимзода, Солиҷон Орипов, соли 2019), Бузрук (роҳбарон Мастона Эргашева, Солиҷон Орипов, соли 2021), Ироқ (роҳбарон Абдурасул Исмоилов, Солиҷон Орипов, соли 2022), Рост (роҳбарон Абдурасул Исмоилов, Солиҷон Орипов, соли 2023), Сегоҳ (роҳбарон Абдурасул Исмоилов, Орипов Солиҷон, соли 2024) василсилаи Дугоҳ аз суннати мақомҳои Исфара (роҳбар Зоиршо Ҳайдаров, соли 2022) иҷро гардиданд.

Аз соли таъсиси Рӯзи Шашмақом бо саъй ва кӯшишу ғайрати устодону донишҷӯён Консерватория на танҳо беҳтарин маркази тадриси Шашмақом, балки инчунин ба ташаббускори иҷрои намунаҳои талқиноти беҳтарини Шашмақом табдил ёфтааст.

Дар ҷодаи илми Шашмақом бори аввал китоби дарсии «Асосҳои мусиқии классикии тоҷик» аз ҷониби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Ф.А. Азизӣ таҳия гардид, ки феълан арзишмандии таҳқиқоти илмиро низ дорад, барои рушди минбаъдаи Шашмақом хеле муҳим мебошад.

Тавре гузориш дода будем,7-8-уми майи соли 2025 аз тарафи устодон ва донишҷӯёни факултети мусиқии суннатии тоҷик чун анъана силсилаи мақоми Наво омода ва бахшида ба “Рӯзи Шашмақом” пешкаши ҳаводорони ин санъати воло гардид.