Сифати садодиҳӣ ва ҷӯри рубобҳои қашқарӣ
Чи тавре, ки иттилоъ дода шуда буд, 21 сентябри соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов лабораторияи таъмир, омӯзиш, таҳқиқ ва мукаммалгардонии созҳои халқии тоҷикӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ кард.
Дар рӯнамои лаборатория вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ширкат варзиданд.
Имрӯз аввалин созҳои халқии сохташуда ба раёсати Консерватория ҷиҳати истифодабарӣ дар раванди таълим тақдим карда шуданд. Сифати садодиҳӣ ва ҷӯри рубобҳои қашқарӣ, най ва тутак ба меъёрҳои иҷрокунандагӣ пурра мутобиқат буда, сатҳу сифаташон барои навозандагони созҳои халқӣ ҷавобгӯ мебошад.