Табрикотии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, донишҷӯён ва ҳамватанони гиромӣ!
Имрӯз мо дар остонаи як санаи муҳими миллӣ—Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаем. Ин рӯз рамзи давлатдорӣ, ваҳдат ва пешрафти миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад ва моро водор месозад, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории миллӣ ва рушду шукуфоии фарҳангу санъати тоҷик бо эҳсоси ифтихор ёдовар шавем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, дар ҳама давру замон ба фарҳанг, ҳунар ва мусиқии тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, фарҳангро ҳастии миллат унвон додаанд. Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, имрӯз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба як маркази муҳими тарбияи кадрҳои баландихтисоси мусиқӣ табдил ёфтааст.
Мо ифтихор дорем, ки дар сиёсати фарҳангии кишвар мусиқӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми худшиносии миллӣ ва пояи сулҳу ваҳдат арзёбӣ мегардад. Таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ба ҳунармандон, сарояндагон, навозандагон, оҳангсозон ва устодони мусиқӣ имкон дод, ки мусиқии тоҷик натанҳо дар дохили кишвар, балки дар саҳнаҳои байналмилалӣ низ садо диҳад ва номбардори Тоҷикистон бошад.
Ҳамзамон, шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷониби роҳбарони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ бо эҳтиром ва эътирофи баланд қадр карда мешавад. Тавре ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қайд карда аст:
«Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучоргашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад.»
Ин суханони Президенти Россия гувоҳи онанд, ки сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат на танҳо дар дохил, балки дар миқёси байналмилалӣ низ ҳамчун модели нодири сулҳу ваҳдат эътироф гардидааст. Тоҷикистон дар зери роҳбарии муњтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пас аз солҳои душвори ҷанг ва низоъ ба як кишвари орому устувор табдил ёбад ва ин комёбӣ арзишмандтарин неъмати давлат ва миллат аст.
Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки натанҳо фарҳангу мусиқии худро эҳтиром кунем, балки онро бо руҳи нав, бо илҳом ва бо руҳияи ватандӯстӣ ғанӣ гардонем.
Мо — устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон—бо масъулияти баланд ва садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки бо меҳнати содиқона ва ҳунари созанда саҳми худро дар рушди фарҳанг ва мусиқии миллиамон мегузорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон сулҳу оромӣ, муваффақият ва илҳоми эҷодӣ таманно дорам.
Бигзор зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азизи мо ҳамеша обод, соҳибистиқлол ва пурфайз бошад ва садои ҷонбахши мусиқӣ дар рӯзгори шаҳрвандони Тоҷикистони азиз танинандоз бошад!
