Таҷлили рӯзи дониш дар Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Ҳамасола якуми сентябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёнаи ҷумҳурӣ дар ин рӯз дарси сулҳ гузаронида мешавад. Боиси хушнудист, ки ин сана дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иштирок ва суханрониҳои самимии Пешвои миллат баргузор мегардад. Бахшида ба ин сана имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов устодону донишҷӯёни муассиса дар толори калон ҷамъ омада, пахши мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион сарҷамъона тамошо намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода иштирок ва суханронӣ карда, кулли устодону донишҷӯёнро бо оғози соли нави хониш табрику таҳният намуд.
Дар идомаи суханронӣ зикр карда шуд, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маърифатнок намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳим ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ба шумор меравад.
Дар фарҷоми ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия ва эҷод Абдурасул Исмоилов ба муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода барои иштирок изҳори сипос намуда, аз номи роҳбарияти муассиса ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуд.