Тақсимоти давлатии хатмкунандагони Консерватория

Имрӯз (14.05.2025) дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов тақсимоти давлатии хатмкунандагони соли таҳсили 2024-2025 дар асоси «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262) бо иштироки сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерватория, муовинони ректор ва дигар шахсони расмӣ гузаронида шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки имсол Консерваторияи миллиро 61 нафар донишҷӯ хатм мекунанд. Аз ин шумора 34 нафар - рӯзона, 27 нафар - фосилавӣ, 26 нафар - буҷавӣ, 35 нафар - шартномавӣ мебошанд. Маврид ба зикр аст, ки аз 26 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона, шакли таҳсили буҷавӣ 25 нафарашон ба ҷои кор таъмин шудаанд ва 1 нафар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардид.
Ҳамасола тақсимоти давлатии хатмкунандагон бо мақсади таъмин намудани мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои санъат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру вилоят ва ноҳияҳо ва дигар сохторҳои тобеии Вазорати фарҳанг бо мутахассисони ҷавон ба роҳ монда мешавад.
Дар тақсимот сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосова Баргигул иштирок ва суханронӣ намуда, хатмкунандагонро дар роҳи хизмати содиқона ба халқу ватан ва касби худ ҳидоят намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ва эҷодиашон бурдборӣ ва муваффақиятҳо таманно намуданд.