Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён «Садои дил»

Posted Sat, 10/10/2026 - 08:30
By admin
Фестивали фалаксароён

10 октябри соли 2026, соати 11:00, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил» баргузор мегардад.

Фалак — садои дил, мероси мусиқии миллӣ ва яке аз ганҷинаҳои фарҳангии тоҷикон!
Макон: Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев
Сана: 10 октябри соли 2026
Оғоз: соати 11:00
Даромад: ройгон

Фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳамаи дӯстдорони фарҳанг, мусиқии миллӣ ва санъати фалакро ба ин чорабинии фарҳангӣ даъват менамоем!