Консерти синфии кафедраи сарояндагии анъанавӣ

Posted Fri, 02/27/2026 - 19:01
By admin

Дар доираи баргузории шомҳои мақомхонӣ ва фалакхонӣ, санаи 27.02.2026, дар Толори хурди Консерваторияи миллӣ консерти синфии и.в. профессори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Эргашева Мастона баргузор шуд. Дар он шогирдони устод Эргашева М. як маҳфили зебои консертиро иборат аз ашъори шоирони классик ва муосир ба тамошобинон пешкаш намуданд. Консерт хеле дилнишин ва хотирмон ҷараён гирифт.

Дар фарҷом ректори Консерватория Давлатзода Баҳодур Давлат баргузории чунин як консерти зеборо ба устод Мастона Эргашева табрик гуфт ва иброз дошт ки устод Мастона Эргешева аз зумраи устодони чирадаст ва хастанопазири Консерватория ва умуман фазои мусиқии ҷумҳурӣ аст ки пайваста дар талошу ҷустуҷӯ аст ва ҳамасола шогирдони болаёқат тарбия мекунад, ки онҳо дар оянда пешбарандагони санъати асили мусиқии миллии тоҷик хоҳанд буд.