Консерти синфии профессори кафедраи сарояндагии академӣ Достизода Миралӣ
Санаи 16 апрели соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон консерти синфии профессори кафедраи сарояндагии академӣ Достизода Миралӣ баргузор гардид.
Дар доираи барномаи консертӣ шогирдони устод Достизода Миралӣ намунаҳои беҳтарини эҷодиёти оҳангсозони тоҷик, рус ва аврупоиро бо маҳорати баланд ва савияи касбӣ манзури ҳозирин гардониданд. Аз ҷумла, асарҳои “Афсарон” (шеъри Низом Қосим, оҳанги Достизода М.), “Орзӯҳо” (шеъри Ҳ. Қурбонова, оҳанги Қ. Ҳикматзода), “Мне грустно” (шеъри М. Лермонтов, оҳанги А. Драгомижский), “Dignare” (оҳанги Г.Ф. Гендел), “Pietà, Signore” (оҳанги А. Страделла), “Santa Lucia” (оҳанги Т. Коттрау) ва дигар асарҳо иҷро гардиданд.
Консерт бозгӯи сатҳи баланди омодагии эҷодӣ ва касбии донишҷӯён буда, самараи заҳмати устод дар тарбияи овозхонҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Иштирокчиён тавонистанд бо истифода аз имкониятҳои овозӣ ва тафсири ҳунарӣ мазмуну муҳтавои асарҳоро ба шунавандагон муассир расонанд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки ягона муассисаи олии мусиқии касбии кишвар ба шумор меравад, дар рушди санъати сарояндагии академӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад.
