Силсилаконсертҳои ҳисоботии донишҷӯёни хориҷии Консерваторияи
Дар Консерваторияи миллии миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар баробари муҳассилини тоҷик донишҷӯёни хориҷӣ низ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар муассиса беш аз 40 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз давлатҳои Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.
Имрӯз дар толори хурди Консерватория консерти ҳисоботии магистрантони соли дуюм баргузор гардид. Магистри кафедраи сарояндагии эстрадӣ, шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ҷанг Ҷао Юнг низ дар консерт иштирок намуда, сурудҳои машҳурро аз эҷодиёти композиторони тоҷик иҷро намуд.
Дар баробари ин, донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми шуъбаи фосилавии кафедраи мутрибони анъанавӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ консерти ҳисоботии худро пешкаш намуданд. Дар меҳмонии мо академики фахрии Академияи Тӯрон аз шаҳри Самарқанд Аслиддин Сироҷов ҳузур доштанд. Ҳунару маҳорати баланди навозандагии эшон аз ҷониби устодон ва меҳмонони консерт баҳои баланд гирифт.