Мизи мудаввар бахшида ба истиқлоли давлатӣ
Ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди Консерватория бо иштироки васеи роҳбарият, профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Консерватория мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Дар аввал як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангии Консерватория ва ҷумҳурӣ иштироки фаъол доштанд, аз ҷониби роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, сухани ифтитоҳиро дар мизи мудаввар муовини ректор оид ба илмва робитаҳои байналмилалӣ профессор Латифзода Д.Н. оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Номбурда зикр кард, ки дар тӯли 33 соли Истиқлоли кишвар, соҳаи фарҳанг рушд карда, ба муваффақиятҳои зиёде ноил шудааст. Дар ин радиф масъалаҳои Истиқлоли давлатӣ ва дастовордҳои он, Истиқлолият ва таъмини сулҳу субот, нақши фарҳанг дар таҳкими соҳибистиқлолии кишвар, баланд гардидани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва ҳифзи таъриху ҳувияти миллӣ низ зикр шуд. Дар мизи муддавар, ҳамчунин профессорону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва омӯзгорони ҷавони Консерватория, аз ҷумла профессори кафедраи ҷомеашиносӣ Сафаров С.дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он», профессор Латифзода Д. дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ», омӯзгори кафедраи забонҳо Аҳророва З.С. дар мавзуи «Государственная независимость и повышение роли женщин в обществе», омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Каримов М. «Фарҳанг ва ҳуқуқ дар замони Истиқлол» суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз дар замони Истиқлол бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ рӯ ба рушд ниҳод.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Консерватория аҳли нишастро даъват намуд, ки чун қишри пешқадами ҷомеа бояд барои боз ҳам амиқтар дарк намудан ва бедор кардани шуури миллии мардум, хештаншиносӣ ва муқаддасоти он, фарҳангу санъат ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани Истиқлоли давлатӣ,сулҳу субот саҳмгузор бошанд, то ояандаи давлату миллати тоҷикон ва фарҳанги миллӣ рушд намояд.