Шодбошӣ!

Posted Thu, 09/12/2024 - 12:54
By admin

Донишҷӯёни курси тайёрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов – Маликова Муаттар ва Низомова Гулнора аз 24-уми август то 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар 14-умин онлайн-озмуни байналмилалии мусиқии «CA Grazioso», ки дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки номбурдагон зери роҳбарии устодони кафедраи фортепианои тахассусӣ профессор Дилбар Ҳакимова ва омӯзгор Фирӯза Қосимова ба ин озмун омодагӣ дидаву иштирок намуданд. Ташкилкунандагони озмун заҳмати устодонро низ қадрдонӣ намуда, эшонро бо сипосномаҳо сарфароз гардониданд.

Дар баробари омода намудани шогирдон, Фирӯза Қосимова худ низ ҳамчун иштирокчӣ дар ин озмун ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардиданд ва бо диплом мукофотонида шуданд.

Ғолибиятро ба ин омӯзгорону донишҷӯён муборакбод гуфта, ба онҳо муваффақиятҳои нави эҷодиро таманно менамоем!