Аз барокко ба романтизм

Posted Sat, 04/26/2025 - 20:19
By admin

Санаи 24-уми апрели соли 2025 дар толори хурд дар доираи “Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва чорабиниҳои илмӣ” консерт-тренинги эҷодӣ дар мавзуи «Аз барокко ба романтизм» бо иштироки омӯзгорону сарпарастон ва омӯзгорони кафедраи фортепианои умумӣ барпо гардид.

Чорабиниро и.в. мудири кафедраи фортепианнои умумӣ Рустамова Ҷ.Ш. оғоз намуд. Дар консерт-тренинги эҷодӣ и.в. мудири кафедраи фортепианои умумӣ Рустамова Ҷ.Ш. дар мавзуи «Чанд маълумот дар бораи мавзуи аз барокко ба романтизм», омӯзгори кафедраи фортепианои умумӣ Алиева А.Р. дар мавзуи «Даври барокко дар эҷодиёти И.С. Бах», донишҷӯи курси якуми факултети иҷрокунандагӣ Иброҳимзода Сарвиноз дар мавзуи «Даври класситсизм дар эҷодиёти Й. Гайдн ва В.А. Мотсарт», омӯзгори кафедраи фортепианои тахассусӣ Қодирова К.Б. дар мавзуи «Романтизм дар санъати мусиқӣ» маъруза намуданд.

Ҳамчунин, дар консерт-тренинги эҷодӣ 14 оҳанг аз эҷодиёти композиторони маъруфи ҷаҳон ва оҳангҳои композиторони ҷавони тоҷик иҷро гардиданд.