Қадрдонӣ ва ифтихор!

Posted Mon, 09/08/2025 - 13:14
By admin
Сипоснома

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Ин қадршиносӣ гувоҳи он аст, ки ҷомеа саҳми Консерваторияро дар рушду густариши фарҳанг, тарғиби ҳунари миллӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баланд арзёбӣ менамояд.

Сипоснома ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардида, ифодаи арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон, донишҷӯён ва кулли аҳли ҳунари Консерватория мебошад, ки бо меҳру садоқат барои ободии Ватан ва боло бурдани фарҳанги миллӣ хизмат менамоянд.

Бо ифтихор мегӯем, ки Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамеша барои арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва тарбияи насли созанда саъю талош хоҳад кард!