Чорабинии илмӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Консерваторияи миллӣ

Posted Thu, 09/25/2025 - 13:19
By admin
Чорабинии илмӣ

Имрӯз, 25.09.2025, дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забонҳо чорабинии илмии махсус бахшида ба бузургдошти яке аз нобиғагони адабиёти форсу тоҷик, мутафаккири бузурги асрҳои миёна, шоири орифу ирфонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Чорабинии илмӣ

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати таълим Қурбонов О.Б. оғоз ёфт. Ӯ дар суханрониаш аз ҷойгоҳи баланди Мавлоно дар таърихи афкори ахлоқӣ, ирфонӣ ва адабӣ ёдовар шуда, нақши осори ӯро дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, бахусус донишҷӯён ва аҳли санъат таъкид намуд.

Дар идомаи чорабинӣ, донишҷӯён порчаҳои пурмазмун аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — қироат намуда, бо забони гуё ва ҳисси баланди ирфонӣ фазои хосеро дар маҳфил эҷод карданд. Шеърҳои интихобшуда, ки саршор аз муҳаббат ба инсон, худшиносӣ ва маърифати илоҳӣ буданд, барои иштирокдорон таъсири амиқ гузоштанд.

Қисмати илмии маҳфил бо маърузаи номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Л.А. идома ёфт. Мавсуф дар суханронии худ ба таҳлили паҳлуҳои амиқи фалсафии ашъори Мавлоно, робитаи назми ӯ бо мусиқӣ ва шеваи баёни ирфонӣ таваҷҷуҳ намуда, аҳаммияти омӯзиши осори ин мутафаккири бузургро дар замони муосир шарҳ дод.

Мавриди зикр аст, ки осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз низ ҳамчун манбаи муҳими маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар рушди ҷаҳонбинии инсон, махсусан насли ҷавон, нақши муассир мебозанд. Шеърҳои ӯ саршор аз ҳикмату ишқу маърифатанд ва инсонро ба сулҳу дӯстӣ, худогоҳиву камолталабӣ раҳнамоӣ менамоянд.