Чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Консерваторияи миллӣ

Имрӯз, 18.09.2025 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забонҳо чорабини хуби илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ, Малик-уш-шуаро, Одам-уш-шуаро, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати таълим Қурбонов О.Б. оғоз гардид. Ӯ дар бораи саҳми бузурги устод Рӯдакӣ дар поягузории адабиёти тоҷику форс ва аҳаммияти осори ӯ дар тарбияи маънавии насли ҷавон, хоса соҳаи санъат таъкид намуд.
Дар идомаи чорабинӣ, донишҷӯён порчаҳои пурмазмун аз ашъори устод Рӯдакиро қироат намуда, бо нидои самимӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирокдоронро мутаассир сохтанд. Шеърҳои интихобшуда ҷанбаҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ ва маънавии баланд дошта, аҳаммияти хосе барои ҷомеаи имрӯза доранд.
Қисмати илмии маҳфил бо маърузаи номзади илмҳои филологӣ Шарифзода Л.А. идома ёфта, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Рӯдакӣ, хоса таҳлили чанд байти Одам-уш-шуаро ва иртиботи шоир бо мусиқӣ шарҳ дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ашъори баландмазмуну пурмуҳтавои устод Рӯдакӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабӣ, имрӯз низ қобили истифода дар тарбияи маънавии насли наврас мебошад. Осори ӯ ба таври равшан руҳияи инсонпарварӣ, ватанпарстӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонро тараннум менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин ва ҳозирин бар зарурати идомаи чунин ташаббусҳо таъкид намуда, баргузории маҳфилҳоро василаи муҳимми густариши фарҳанг ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон арзёбӣ карданд.