Вохӯрии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо раиси иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон

Posted Thu, 09/18/2025 - 19:49
By admin
ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон

18 сентябри соли 2025, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои фарҳангиву эҷодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии судманд баргузор гардид. Ректори муассиса, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат мизбони раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ҷумҳурии Узбекистон Рустам Абдуллоев буданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳамкориҳои ояндадор дар бахши мусиқӣ, табодули таҷриба миёни устодон ва донишҷӯён, баргузор намудани фестивалу ҳамоишҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои фарҳангиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Рустам Абдуллоев аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо Консерватория изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши муассисаро дар рушду таҳкими мусиқии тоҷик баланд арзёбӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси як маркази муҳимми фарҳангӣ ва илмии минтақа шинохта шуда, саҳми арзанда дар парвариши кадрҳои баландихтисос ва рушди санъати мусиқии тоҷик мегузорад.

Мавсуф ҳамзамон бо эҳтиром аз шахсияти фарҳангсолор, президентҳои ду кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи ин абармардони фарҳангӣ шароити мусоид барои рушди фарҳанг ва муаррифии мусиқии ду кишвар дар арсаи байналмилалиро фароҳам овардааст. Ба гуфтаи номбурда, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва тавсеаи арзишҳои миллӣ, бахусус дар соҳаи санъати мусиқӣ, шоёни таҳсину омӯзиш мебошад.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин вохӯриҳо дар оянда низ идома ёфта, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон заминаи устувор хоҳанд гузошт.