Табрикотии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи омӯзгор

Омӯзгорони азиз, устодони гиромӣ ва ҳамкорони муҳтарам!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихор, Шуморо ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, ки барои мо яке аз санаҳои муборак ва рамзии тақвими миллиамон мебошад, самимона табрик мегӯям!
Ин рӯз на танҳо ҷашни як касби пурифтихор аст, балки нишонаи арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои он шахсиятҳое мебошад, ки бо дониш, меҳру муҳаббат ва садоқати беандоза дар рушду камоли насли наврас, фарҳанги миллӣ ва маърифат саҳми гарон доранд.
Шумо, устодони муҳтарам, ҳамчун раҳнамоёни роҳи дониш ва тарбиятдиҳандагони истеъдодҳои нодир, дар ҷомеаи мо мақоми арзишманд доред. Ҳар лаҳзаи фаъолияти Шумо на танҳо омӯзиш аст, балки тарбият, рӯшангарӣ ва таъсиргузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Махсусан дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки маркази тарбияти истеъдодҳои нотакрор ва мусиқии касбӣ ба шумор меравад, нақши омӯзгор танҳо дар таълим маҳдуд намешавад. Он ба як рисолати маънавӣ табдил ёфтааст, ки он рисолати хидмат ба ҳунар, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.
Садои устодона, нигариши ҳирфаӣ ва дилсӯзии Шумо дар ҳар дарс, ҳар машқи эҷодӣ ва ҳар талоши ҳунаромӯзон инъикоси он масъулияти бузургест, ки танҳо ба дӯши шахсиятҳои воқеӣ гузошта мешавад.
Муҳтарам устодон!
Бо ифтихор метавон гуфт, ки бо Шумо Консерваторияи миллӣ пеш меравад, бо Шумо ҳунар зинда мемонад ва бо Шумо насли фардо дар руҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ тарбия меёбад.
Дар рӯзи рамзӣ ба ҳар яки Шумо тандурустии комил, илҳоми офаринандагӣ, сабру таҳаммул ва дастовардҳои арзишманд дар фаъолияти омӯзгорӣ ва эҷодӣ таманно дорам.
Рӯзи омӯзгор муборак бод, ҳамкасбони азиз!
Бо эҳтиром ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Даллатзода Баҳодур Давлат