Маҷаллаи илмии «Мутриб» аз нав ба қайд гирифта шуд

Posted Wed, 01/14/2026 - 15:16
By admin
Маҷаллаи илмии «Мутриб»

Чанд сол боз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ҳадафи тарғибу ташаккули заминаи муҳимми илмӣ ва нашри мақолаҳои илмии омӯзгорон, унвонҷӯён ва докторантон ва ҳунармандони соҳаи мусиқӣ, ҳамчунин ҷиҳати ҳифз, таҳким ва рушди суннатҳои асили мусиқии миллӣ, маҷаллаи илмии «Мутриб» ба нашр мерасад. 

Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои аввали соли нави 2026 аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари фараҳбахше расид, ки маҷаллаи илмии «Мутриб» тибқи тартибот аз 29 декабри соли 2025, таҳти №451/МҶ-97, аз нав ба қайд гирифта шуда, эътибори он то соли 2028 тамдид гардид.
Ин рӯйдоди муҳимми илмӣ ва фарҳангиро самимона ба ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни ин боргоҳи бонуфузи таълимию ҳунарӣ табрик мегӯем.

Умедворем, ки олимони варзидаву муҳаққиқони ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва дигар муассисаҳои таълимии соҳа ҳамкории илмӣ-эҷодии худро бо Маҷаллаи «Мутриб» боз ҳам густариш дода, бо мақолаҳо ва таҳқиқоти арзишманд дар тарғиб, ҳифз ва рушди ҳунари мусиқии миллии тоҷикӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.