Мизи мудаввар дар робита ба Рӯзи Модар
Аз оғози моҳи март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва маърифатӣ дар робита ба Рӯзи Модар–бузургтарин офаридаи Парвардигор, офарандаи Инсон дар рӯи Замин, модари тамоми бузургони илму сиёсату фарҳанг баргузор мешавад. Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар санаи 5-уми марти соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов зери унвони “Ҷойгоҳи Зан-Модар дар Паёмҳои Пешвои миллат” мизи мудаввар баргузор шуд. Мизи мудавварро и.в. дотсенти кафедраи забонҳо, сардори Раёсати таълими Консерваторияи миллӣ Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич ифтитоҳ намуда, дар бораи бузургӣ ва қадру манзаллати Модар дар ҷомеа, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи Зан–Модар сухан ронд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт ки дар баробари шоирону нависандагон, дар замони Истиқлоли комили мамлакатамон фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва қадру қимати Зан–Модарро на танҳо баланд бардоштанд, балки Зан–Модарро дар сиёсати худ пешоҳангу ҷомеасоз, давлатдору тарбиятгар ва миллатсозу офарандаи инсон намуданд.
Дар Мизи мудаввар донишҷӯи соли якуми шуъбаи сарояндагии академӣ Қодиров Сиёвуш дар мавзӯи “Зан-Модар Олиҳаи бузург”, донишҷӯи соли якуми шуъбаи фортепианои тахассусӣ Устобоев Фирдавсҷон дар мавзӯи “Нақши Зан-Модар дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи магистратура ва докторантураи Консерваторияи миллӣ Назархудоев Назархудо дар мавзӯи “Модари кӯҳистон” як шеъри ҷаззобу пурмазмуне қироат намуд ва бо кафкӯбиҳои бардавоми ҳозирин истиқбол карда шуд.
Дар идомаи мизи мудаввар донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар васфи Модар ва бузургии ӯ шеърҳо қироат намуданд.
