Пирӯзии санъати асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ
Донишҷӯи соли дуввуми ихтисоси сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Раҳимов Фаррух зери роҳбарии омӯзгори калон Бурҳонов Манучеҳр Раҳмонович дар СXXXIX-умин фестивал-озмуни байналмилалии «Есть только миг”- ки аз ҷониби фонди “Планета талантов” таҳти дастгирии иттилоотии Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия тариқи маҷозӣ аз 11 то 28-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Маскав баргузор шуд, дар номинатсияи Сарояндагии халқӣ ширкат варзида, бо дипломи Лауреати дараҷаи 1 қадр карда шуд. Омӯзгори калон Бурҳонов Манучеҳр Раҳмонович, консертмейстерон Раҳимов Алишер, Борониев Боронӣ, Шоикатаев Руслан, Дӯстов Фирӯз, ва Сафаров Ориё барои кори пурсамар, ҳифзи фарҳанги миллӣ, омодасозии иштироккунандагон ба чунин озмунҳои сатҳи баланди байналмилалӣ бо Сипосномаҳои ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии мазкур сарфароз гардонида шуданд.
Устод Бурҳонов Манучеҳр Раҳмонов ва шогирдони ӯро бо пирӯзӣ дар чунин як озмуни бонуфӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба онҳо дастовардҳои боз ҳам бештарро дар роҳи эҷод ва муаррифии санъати асили тоҷик таманно дорем.
