Идомаи Таҷлили «Рӯзи Дониш» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Tue, 01/09/2026 - 16:16
By admin
Рӯзи Дониш

Субҳи имрӯз, 1 сентябри соли 2026, дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026–2027 ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Консерватория, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас муовини ректор оид ба илм Лутфулло Шарифзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозирин ва аҳли муассисаро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик кард.

Дар идомаи ҳамоиш ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Баҳодур Давлатзода суханронӣ намуда, аҳаммияти Рӯзи донишро дар ҳаёти муассисаи таълимӣ таъкид кард. Зикр гардид, ки оғози соли нави таҳсил барои устодону донишҷӯён марҳалаи нави донишандӯзӣ, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ мебошад.

Ректор таъкид намуд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии соҳаи мусиқӣ дар омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди санъати мусиқии миллӣ, омӯзишу таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои санъати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар нақши муҳим дорад.

Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — сармутахассиси Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифзода суханронӣ намуда, матни табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ба самъи роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ расонид.

Зимни суханронӣ таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, илму фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон таъкид гардид. Қайд шуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ҷавонон ба омӯзиши пайвастаи илм, аз худ намудани касбу ҳунар, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят гардиданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабинӣ дар даромадгоҳи Консерваторияи миллӣ корҳои зарурии ташкилӣ ба анҷом расонида шуда, аз ҷумла намоиши дастовардҳои илмию эҷодии устодону донишҷӯён ва китобҳои тозанашр ташкил гардид. Дар намоиш дастовардҳои муассиса дар самтҳои илму эҷод, фаъолияти таълимӣ ва фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар фазои идона ва сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, оғози соли нави таҳсили 2026–2027-ро барои аҳли муассиса ҳамчун марҳалаи нави фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодӣ таҷассум намуд.