Барномаи навбатии консертӣ дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлати

Posted Thu, 03/09/2026 - 22:18
By admin
Барномаи навбатии консертӣ

Шоми имрӯз, 3 сентябри соли 2026, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Куруши Кабир дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи навбатии консертӣ баргузор гардид.

Барномаи консертӣ тибқи тартиби баргузории барномаҳои идонаи консертӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе, ки 3 августи соли 2026 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардидааст, доир шуд.

Дар барномаи навбатии фарҳангӣ омӯзгорону донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолона иштирок намуда, ба ҳозирин барномаи ҷолибу рангини ҳунарӣ пешниҳод карданд.